Навиди иқтисодӣ

Ҳукумати Олмон дурнамои рушди иқтисодиёти кишварро паст кард

.

 

 

 

Мутобиқи маълумоти нашрияи «Handelsblatt» Ҳукумати Олмон рушди иқтисодиёти кишварро дар соли 2019 нисбат ба дурнамои қаблӣ 0,8 банди фоизӣ паст карда, 1,0 фоиз пешбинӣ намуд.

Паст кардани суръати рушди дурнамо аз сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳон, инчунин шароити номуайянии баромадани Британияи Кабир (Brexit) аз Иттиҳоди Аврупо вобаста мебошад. Рушди иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 1,6 фоиз пешгӯӣ мешавад.

Дар соли 2018 бо назардошти пастравии рушди талабот ва савдои ҷаҳонӣ рушди иқтисодиёти Олмон 1,5 фоизро ташкил намуд, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар панҷ соли охир мебошад.

 

 

 

Ташкили биржаи электронии меҳнат дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё

.

 

 

 

«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия барои ҷустуҷӯйи кор имконияти нав пайдо мекунанд. Роҳбарони ҳукуматҳои ин кишварҳо ташкили биржаи электронии меҳнатро мувофиқи мақсад шумориданд.

 Биржаи электронии меҳнат ба корфармоён ва шахсони корҷӯй имконият медиҳад, ки дар ин биржа ҷойҳои кории холиро ҷойгир намоянд ва бо коргаронро шартномаҳои меҳнатӣ банданд.

Ташкили биржаи мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон пешниҳод карда шуда, он ба рушди бозори ягонаи захираҳои меҳнатӣ дар Иттиҳод мусоидат менамояд.

 

 

 

Зиёдшавии истихроҷи нафти ИМА то соли 2030

.

Тибқи ҳисоботи солонаи Вазорати энергетикаи ИМА зиёд гардидани истихроҷи нафт дар ИМА то соли 2030 пешбинӣ гардида, сипас истихроҷи он то соли 2040 дар ҳаҷми беш аз 14 млн. баррел дар як шабонарӯз боқӣ мемонад.

Коркарди минбаъдаи захираҳои нафт ва гази слансавӣ, бахусус дар минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубӣ- ғарбӣ рушди истихроҷи конденсати газро то соли 2030-юм 6 млн. баррел зиёд менамояд. Инчунин мувофиқи дурнамо истихроҷи гази табиӣ то соли 2050 ба 43,4 трлн. куб мерасад.

Вазорати энергетикаи ИМА истихроҷи нафтро дар соли 2019 бетағйир дар сатҳи 12,1 млн. баррел дар як шабонарӯз пешбинӣ намудааст.

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное