ШОНАТАРОШӢ

ШОНАТАРОШӢ / ШОНАСОЗӢ – ҳунари анъанавии мардуми тоҷик ба шумор меравад.

Ҳунари шонасозӣ бештар дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Ҳисор густариш ёфтааст.

Кори шонатарошӣ нахуст аз интихоби чӯб оғоз меёбад. Бештар аз чӯби чормағз, ва баъзан аз чӯбҳои зардолу ё нок низ шона месозанд.Чӯби чормағзро бурида, тахтача месозанд ва онҳоро дар соя мехушконанд. Тахтачаи хушкидаро бо тешаи калон хомтарош карда, сипас бо тешаи хурд пухтатарош менамоянд. Бо арраи сарбур ду тарафи тахтачаро баробар бурида, бо сӯҳон ҷойи дандонаҳоро тарошида ҳамвор месозанд. Мавзеи дандонаҳои тахтачаро равщани равған молида, 2-3 соат нигоҳ медоранд, то ки чӯб равғанро ба худ ҷабида гирад. Баъд аз ин амали дандонбароии маҳин ва дурушт сурат мегирад. Тахтачаро ба даҳани дӯкон бо барбанд устувор карда, бо арраҳои гуногун дандонҳои шонаро месозанд. Дар ин вақт усто ба нарангушти дасти чапи худ ангуштбони чармӣ мегузаронад, ки вазифаи он ҳам муҳофизат кардани ангушт ва ҳам фосилагузорӣ дар байни дандонаҳои шона мебошад. Сипас, шонасоз ба амали тагфурорӣ мегузарад ва поёни дандонаҳоро ба ҳам баробар мекунад. Агар шона дутарафа бошад, дандонҳо як тарафи он маҳин ва тарафи дигараш андаке дурушт ё калонтар мешавад. Пас аз тайёр шудани дандонаҳо амали нӯгбарорӣ иҷро мешавад. Усто бо сӯҳон нӯги ҳар як дандонаро ба мисли пайкони найза ороста, аммо тещаи онро кунд менамояд, то ки дандонаҳо даст ё пӯсти сарро нахарошанд. Баъдан бо сӯҳони маҳин аз дарун дандонаҳо ҳамвор карда мешаванд. Агар шонаи дутарафа бошад, ду тарафи дастаи шонаро бо кажкорд метарошанд ва бо сӯҳон ҳамвор мекунанд, ки барои ба даст доштан мувофиқ мешавад.

Пас аз анҷоми ин корҳо амалҳои ороишц сурат мегиранд. Таги дандонаҳо барои баробар шудан ва ба назар рост намудан бо аррача хат кашида мешавад. Агар шона камоншакл бошад, барои хаткашӣ қолиби камоншаклро ба кор мебаранд. Бо асбоби гулпартояк гули мавҷнок мекашанд, ки он «нақши мор» ном дорад. Ба асбобҳои гуногун нақшҳои ислимию ҳандасавӣ, матнҳо, суратҳои ҷонварон ва ғайраро тасвир мекунанд. Чун ороиши шона ба анҷом расид, бо регқоғаз ҷойҳои нақшшударо соида, бо чӯтка тоза менамоянд. Дар гузашта, ба ҷойи чӯтка бо парҳои мурғ пардаста сохта, амали тозакунии шонаро бо он парзанӣ меномиданд. Дар охир дубора шонаро равған карда, баъди якчанд соат боз бо пар зада, гарду ғуборашро пок менамоянд ва ба ҳамин шона тайёр мегардад. Ба баъзе шонаҳои пурнақши армщонӣ маҳлули мумии занбӯри асал мемоланд, ки он шонаро аз таъсири обу офтоб нигоҳ медорад.

Шонаи чӯбин, тибқи ақидаи шонатарошону истифодабарандагон, баъзе хусусиятҳои шифобахшӣ дорад. Агар қисми дарунтари аз кундаи чормағз шона сохта шавад, барои мӯйҳои хушк муфид буда. Мӯйро равщаннок менамояд. Агар шона аз чӯби болои дарахти чормағз гирифта, шуда бошад, равщании мӯйҳоро мӯътадил месозад. Шонаи аз кундаи зардолу созташуда асабро ором мекунад. Шонаи аз кундаи дарахти нок сохташуда мулоимтар буда, барои масҳ кардани пӯсти сар мувофиқ аст.

Дар шаҳри Истаравшани бостони ҳунари шонатарошӣ аз насл ба насл гузаштааст ва ҳатто дар гузар бо номи шонатарошон вуҷуд дорад.

Яке аз чунин авлодони шонатарош Усто Икроми шонатарош (с.т. 1947) писари Усто Мирғаффори шонатарош падари усто Мирғаффори Ғафури шонатарош мебошад.

Пас аз вафоти Усто Икроми шонатарош (соли 2008) хоҳарзодаи Усто Икром, Усто Зарифи шонатарош ба ин ҳунар машғул буда писарашро омӯзонида истодааст.

СУМАНАК

СУМАНАК/СУМАЛАК/СУМАНАКПАЗӢ/СУМАЛАКПАЗӢ/. Яке аз анъаноти қадима ва суннати деринаи мардуми тоҷик дар таҷлили иди Наврӯз тайёр намудани таоми алафии баҳорӣ Сумалак ё Суманак мебошад. Суманак аз дигар таомҳо комилан фарқ дорад. Он як навъ таоми серғизои хушхӯр аст. Маҳсулоти суманакро аслан аз гандуми сабзида тайёр намудан лозим аст.

СУЗАНӢ

СӮЗАНӢ/ СӮЗАНДӮЗӢ – нигораи серранг ё сиёҳу сафеди росткунҷаи девории матоъӣ мебошад. Сӯзанӣ – маъмултарин ҷиҳози гулдӯзишудаи рӯзгори тоҷикон аст, ки тақрибан дар ҳар хонавода мавҷуд мебошад. Он аз ҷиҳати шаклу андоза (2х3, 3х4, 4х5 ва беш аз ин) гуногун мешавад.

Сайёҳат ба Варзоб

Дараи Варзоб, ин зеботарин минтақаи куҳҳӣ буда аз Душанбе то он ҷо 10 – 15 дақиқаина роҳ аст. Ҷои тамошобоби ин дара – шаршараи Ғузғар ва дарёи Сиёма мебошад. Дар ин ҷо манзараҳои ҷолиб ва истироҳатгоҳо вуҷуд доранд, ки барои истироҳат хеле қулай аст.

НОНПАЗӢ

НОНПАЗӢ – ҳунари пухтани нон, ғизои асосии мардуми тоҷик, ки аз орди гандум тайёр карда мешавад. Дар фарҳанги тоҷикон нонҳои гуногун пухта мешаванд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳар як тӯю маърака нони хосаи худро дорад: нони хонагӣ, фатир, фатири варақӣ, кулчаи равғанӣ, фатири боҷазза, фатири ширмол, қотурма, чаппотӣ, гирдача, кулчача, нони обӣ, гиҷда, зағора ва ғайра.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное