Навиди иқтисодӣ

Профитсити тавозуни пардохти Ҷумҳурии Қазоқистон дар давоми шаш соли охир

.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Қазоқистон профитсити ҳисобҳои ҷории тавозуни пардохти Қазоқистон 0,9 млрд. долларро ташкил кард, ки ин маротибаи якум аз соли 2014 то ин ҷониб мебошад.

Профитсити тавозуни пардохт аз ҳисоби рушди назарраси тавозуни савдо дар сатҳи 57,9 фоиз мушоҳида гардид, ки дар маҷмӯъ 27,4 млрд. долларро ташкил дод.

Дар натиҷаи шароити мусоиди нархи нафт дар ҷаҳон содироти мол 25,2 фоиз зиёд гардида, 61,9 млрд. долларро ташкил намуд. Содироти нафт ва конденсати газ (62,2 фоиз аз ҳаҷми умумии содирот) 42,2 фоиз зиёд гардида, воридоти мол 7,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 34,5 млрд. доллар баробар гардид.

Ҷумҳурии Белорус тарофаи интиқоли нафти Федератсияи Россияро баланд бардошт

.

Ҷумҳурии Белорус аз якуми феврал тарофаҳоро барои хизматрасонӣ оид ба интиқоли нафт тавассути қубурҳои газгузари худ баланд бардошт.

Вазорати танзими зиддиинҳисорӣ ва савдои Ҷумҳурии Белорус иттилоъ медиҳад, ки дар соли 2019 индекси тарофаҳо барои хизматрасонӣ оид ба интиқоли нафт тавассути қубурҳои магистралии воқеъ дар қаламрави ҷумҳурӣ 7,6 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи тартиб тарофаҳо дар асоси нишондиҳандаи миёнасолонаи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки бо параметрҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Федератсияи Россия дар сатҳи 3,0 фоиз тасдиқ гардидааст, тағйир меёбанд.

Афзоиши сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Туркия

.

Сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Туркия дар моҳи январ бо назардошти баландшавии босуръати нархи маҳсулоти хӯрокворӣ афзоиш ёфт.

Тибқи маълумоти Институти омори Туркия индекси нархҳои истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Туркия дар моҳи январ бо ҳисоби солона 20,4 фоиз зиёд гардид.

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Туркия бе назардошти нархи тилло, маҳсулоти хӯрокворӣ ва қувваи барқ 19,0 фоиз афзоиш ёфт.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное