Навиди иқтисодӣ

Кам намудани меъёри захираҳои ҳатмии бонкҳо аз ҷониби Бонки марказии Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Агентии «Bloomberg» Бонки марказии Ҷумҳурии Халқии Хитой тасмим гирифтааст, ки барои озод намудани пардохтпазирӣ ва дастгирии рушди иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳо ба андозаи 1 банди фоизӣ коҳиш диҳад.

Бонки халқии Хитой изҳор намуд, ки меъёри захираҳои ҳатмӣ аз 15 январи соли ҷорӣ 0,5 банди фоизӣ ва аз 25 январ боз 0,5 банди фоизӣ кам карда мешавад.

Меъёри захираҳои ҳатмӣ барои бонкҳои тиҷоратии азим 14,5 фоиз ва барои қарздиҳандаҳои хурд 12,5 фоизро ташкил медиҳад.

 

 

 

Сустшавии сатҳи таваррум дар минтақаи «Евро»

.

 

 

 

Тибқи маълумоти пешакии Идораи омори Аврупо (Eurostat) сатҳи таваррум дар минтақаи евро дар моҳи декабри соли 2018 назаррас суст гардидааст.

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар минтақаи евро дар моҳи декабри соли 2018 бо ҳисоби солона 1,6 фоиз афзоиш ёфт. Индекси нархҳои истеъмолӣ бе назардошти нархҳои қувваи барқ, маҳсулоти хӯрока ва нӯшокиҳои спиртӣ (Индекси CPI Core) дар моҳи декабри соли 2018 бо ҳисоби солона 1,0 фоиз зиёд гардид.

Сустшавии таваррум асосан аз ҳисоби коҳишёбии нархи нафт ба миён омад.

 

 

 

Воридоти биринҷ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ИМА

.

 

 

 

Агентии «Reuters» дар робита ба маълумоти Саридораи гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой иттилоъ медиҳад, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой маротибаи аввал барои воридоти биринҷ аз ИМА дарҳои худро кушод.

Акнун воридоти биринҷи қаҳваранг, тоза ва майдакардашуда аз ИМА бо назардошти мутобиқат кардани онҳо ба стандарҳои назоратии Хитой ва дар Вазорати кишоварзии ИМА ба қайд гирифта шуда интиқол карда мешавад. Таҳлилгари ширкати «JCI» оид ба соҳаи кишоварзӣ қайд менамояд, ки иҷозати воридоти биринҷи амрикоӣ аз беҳтар шудани муносибати ИМА ва Хитой шаҳодат медиҳад.

Вазорати кишоварзии ИМА истеҳсоли 6,9 млн. тонна биринҷро дар кишвар пешгӯӣ менамояд. Ҷумҳурии Халқии Хитой бошад ба кишвар қариб 5 млн. тонна биринҷ ворид менамояд.

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное