Навиди иқтисодӣ

Қоҳишёбии ҳаҷми содироти Ҷопон

.

 

 

 

Агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад, ки ҳаҷми содироти Ҷопон дар моҳи январи соли ҷорӣ бо назардошти кам гардидани содирот ба Ҷумҳурии Халқии Хитой коҳиш ёфт, ки ин нишондиҳандаи пасттарин аз соли 2016 то ин ҷониб мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷопон дар моҳи январ ҳаҷми содирот 8,4 фоиз коҳиш ёфта, ба 5,6 трлн. йен (50,3 млрд. доллар) баробар гардид. Ҳаҷми воридот бошад 0,6 фоиз коҳиш ёфта, 6,9 трлн. йиен (61,4 млрд. доллар)-ро ташкил дод.

Ҷумҳурии Халқии Хитой шарики бузургтарини Ҷопон оид ба воридоти молҳои ҷопонӣ ба ҳисоб меравад ва моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми содирот ба Ҷумҳурии Халқии Хитой то 17,4 фоиз коҳиш ёфт.

 

 

 

Афзоиши гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар соли 2018

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Кумитаи омори Ҷумҳурии Қазоқистон гардиши савдои хориҷии кишвар дар соли 2018 бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё 7,5 фоиз афзоиш ёфта 19,1 млрд. долларро ташкил дод.

Содироти молу маҳсулоти Ҷумҳурии Қазоқистон ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар соли 2018-ум 5,9 млрд. ва воридот 13,2 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 мутаносибан 12 ва 5,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар гардиши савдои Қазоқистон бо давлатҳои аъзо ҳиссаи Россия 91,8 фоиз, Қирғизистон 4,5 фоиз, Белоруссия 3,6 фоиз ва Арманистон 0,1 фоизро ташкил медиҳад.  

 

 

 

Сармоягузории Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон

.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳор намуд, ки ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 20 млрд. доллар сармоягузорӣ менамояд ва аз ҷониби кишварҳо меморандум дар соҳаи энергетика ва кишоварзӣ ба имзо расонида шуд. Тибқи гуфтушунидҳо сохтмони заводи коркарди нафт дар шаҳри Гвадар ба маблағи 10 млрд. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин Арабистони Саудӣ мувофиқи созишномаҳои баимзорасида тасмим гирифтааст, ки нафт ва маҳсулоти нафтиро барои талоботи энергетикии Покистон бе пардохти пешакӣ ва тамдидшаванда таҳвил намояд.

Ҳамзамон Арабистони Саудӣ ба нақша гирифтааст, ки ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Ҳиндустон беш аз 100 млрд. доллар сармоягузорӣ намояд.

Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 5 созишнома дар соҳаҳои энергетика, сохтмони манзил, технологияҳои иттилоотӣ ва сайёҳӣ ба имзо расониданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное