Навиди иқтисодӣ

Сустшавии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

 

 

 

Мутобиқи маълумоти Бюрои омори давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой иқтисодиёти кишвар дар семоҳаи чорум бо ҳисоби солона 6,4 фоиз рушд ёфт.

Дар соли 2018 рушди иқтисодиёти Хитой бо назардошти сустшавии сармоя ва истеъмолот, инчунин низоъҳои тиҷоратӣ бо ИМА нисбат ба соли 2017 то 6,6 фоиз суст гардид, ки ин нишондиҳандаи пасттарин дар 28 соли охир мебошад.

Дар моҳи декабр истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо ҳисоби солона 5,7 фоиз ва савдои чакана 8,2 фоиз зиёд гардид. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар соли 2018 -ум 5,9 фоиз афзоиш ёфт. Сатҳи бекорӣ дар шаҳрҳои Хитой дар моҳи декабр 4,9 фоизро ташкил намуд.

Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соли 2019 то 6,3 фоиз коҳиш ёфта, таваррум дар сатҳи 3,0 фоиз қарор меёбад.

 

 

 

Баҳодиҳии иқтисодиёти ҷаҳон аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА)

.

 

 

 

ХБА бо назардошти мушкилот дар Аврупо ва дар як қатор кишварҳои рушдёбанда, инчунин идома ёфтани низоъҳои тиҷоратӣ дурнамои рушди иқтисодиёти ҷаҳонро дар соли 2019-ум 3,5 фоиз ва соли 2020-ум 3,6 фоиз баҳодиҳӣ намудааст, ки ин нисбат ба баҳодиҳии қаблӣ мутаносибан 0,2 ва 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Тибқи баҳодиҳии ХБА рушди иқтисодиёти минтақаи евро дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 (1,8 фоиз) 0,2 банди фоизӣ поён рафта, 1,6 фоизро ташкил медиҳад. Дурнамои рушди иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар соли 2019 дар сатҳи 4,5 фоиз баҳодиҳӣ гардидааст. Дурнамои ИМА бо назардошти рушди талаботи дохилӣ дар соли 2019 дар сатҳи 2,5 фоиз ва дар соли 2020-уми 1,8 фоиз нигоҳ дошта шуд. Шиддатнокии низоъҳои тиҷоратӣ новобаста аз кӯшишҳои ҳукумат ҷиҳати ҳавасмандгардонии рушд аз ҳисоби зиёд намудани хароҷотҳои буҷет ва қарздиҳии бонкӣ идома дорад.

Бинобар ин ХБА дурнамои Хитойро дар солҳои 2019 ва 2020 дар сатҳи 6,2 фоиз баҳодиҳӣ намудааст.

Дар соли 2019 рушди иқтисодиёти Британияи Кабир 1,5 фоиз ва Ҷопон 1,1 фоиз баҳодиҳӣ карда шудааст.

 

 

 

Хоҳиши ба дигар кишварҳо муҳоҷир шудани шаҳрвандони Амрико

.

 

 

 

Хадамоти иҷтимоии «Gallup» иттилоъ медиҳад, ки қариб 16 фоизи шаҳрвандони Амрико мехоҳанд, ба дигар кишварҳо ба ҷойи зисти доимӣ раванд.

Асосан хоҳиши муҳоҷир шудан аз ИМА ҷавонони дар сини 30 сола изҳор намудаанд.

Бояд қайд кард, ки зиёда аз 26 фоизи шаҳрвандони ИМА давлати Канадаро интихоб намуданд.

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное