Навиди иқтисодӣ

Афзоиши даромади буҷети Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Халқии Хитой даромади буҷети кишвар дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 фоиз зиёд гардида, 17,2 трлн. юан (2,5 трлн. доллари ИМА)-ро ташкил дод.

Хароҷоти буҷет бошад 6,8 фоиз зиёд гардида, ба 19,2 трлн. юанр баробар гардид.

Даромади буҷети Хитой дар моҳи ноябр 1,1 трлн. юанро ташкил дод, ки бо ҳисоби солона 5,4 фоиз коҳиш ёфтааст.

Хароҷоти буҷет дар моҳи ноябр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,8 фоиз ё то 1,6 трлн. юан коҳиш ёфт.

 

 

 

Афзоиши касри тарози савдо дар ИМА

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Вазорати савдои ИМА касри тарози савдои кишвар дар моҳи октябр нисбат ба моҳи гузашта 1,7 фоиз зиёд гардида, сатҳи баландтаринро аз соли 2008 ба маблағи 55,5 млрд. доллар ташкил намуд.

Рушди нишондиҳандаи мазкур моҳи панҷум пайи ҳам ба қайд гирифта шуда истодааст. Бе назардошти коҳишёбии нархҳо касри тарози савдо дар моҳи октябр аз 87,2 млрд. доллар то 87,9 млрд. доллар зиёд гардид.

Дар баробари ин тибқи ҳисоботи Вазорати савдои ИМА касри тарози савдо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи октябр аз 40,2 млрд. доллар то сатҳи баландтарин 43,1 млрд. доллар зиёд гардид.

 

 

 

Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба таҳримҳои нав нисбат ба иқтисодиёти Федератсияи Россия муқобил аст

.

 

 

 

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар нишасти матбуотӣ бо Вазири корҳои хориҷии Португалия изҳор намуд, ки Ҳукумати Олмон қабули чораҳои маҳдудкунандаи навро нисбат ба иқтисодиёти Федератсияи Россия ҷонибдорӣ намекунад.

Тибқи маълумоти Агентии «Reuters» вазири корҳои хориҷии Олмон қайд намудааст, ки дар айни замон оид ба таҳримҳои нав сухан рондан нодуруст мебошад.

Инчунин Вазир қайд намудааст, ки аз ҷониби Олмон оид ба ҷорӣ намудани таҳримҳои нав нисбат ба Россия пешниҳод манзур карда намешавад.  

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное