Навиди иқтисодӣ

Пешбинӣ намудани таҳримҳои нави ИМА нисбат ба иқтисодиёти Федератсияи Россия

.

 

 

 

Дар сомонаи Конгресси ИМА лоиҳаи Қонун дар бораи ҷорӣ намудани таҳримҳои иловагӣ нисбат ба иктисодиёти Россия ҷойгир карда шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур манъ намудани бастани қарордодҳоро бо қарзҳои нави Россия, ки аз ҷониби Вазорати молия, Бонки Россия, Фонди некӯаҳволии миллӣ, ҳар гуна институтҳои молиявӣ аз номи Россия ба муҳлати зиёда аз 14 рӯз дода мешавад, пешбинӣ менамояд.

Инчунин лоиҳаи қонуни мазкур ҷорӣ намудани маҳдудият ба сармоягузории лоиҳаҳои (СПГ) гази моеъ берун аз кишварро пешбинӣ менамояд.

 

 

 

Идомаи сулҳи тиҷоратӣ миёни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

 

 

 

«Вести.Экономика» иттилоъ медиҳад, ки Президенти ИМА ҷиҳати баланд набардоштани боҷҳои гумрукӣ барои воридоти молҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 1 марти соли ҷорӣқарор қабул кард.

Инчунин Президенти ИМА изҳор намуд, ки музокироте, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ гузашт маҳсулнок буд. Ӯ дар бораи пешравии масъалаҳои муҳими сохторӣ, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, интиқоли технология ва кишоварзӣ сухан рондааст.

Мавсуф изҳор намуд, ки бо назардошти ноил гардидани ҷонибҳо ба пешравиҳо вохӯриро бо роҳбари Ҷумҳурии Халқии Хитой барои ба тасвиб расонидани созишнома пешбинӣ намудааст.

 

 

 

Афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи январ

.

 

 

 

 Тибқи маълумоти Бонки Халқии Хитой дар моҳи январи соли ҷорӣ бонкҳои кишвар ҳаҷми қарздиҳиро афзоиш доданд, ки он 3,23 трлн. юан (477 млрд. доллар)-ро ташкил дод.

Ҳаҷми пул дар моҳи январ 8,4 фоиз афзоиш ёфт, ки ин нисбат ба пешгӯии таҳлилгарон 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамуда барои хонаводаҳо 989,9 млрд. юан ва барои ширкатҳо 2,6 трлн. юанро ташкил доданд.

Бонки Халқии Хитой таъсиси механизми нави сиёсати пулӣ, лоиҳаи қарзҳои миёнамуҳлат, ки ба пардохтпазирии дарозмуддат барои дастгирии ширкатҳои хусусӣ ва хурд равона гардидааст, пешниҳод дорад.

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное