Навиди иқтисодӣ

Афзоиши даромади истеъмолкунандагони ИМА дар моҳи сентябри соли 2018

.

 

 

 

Вазорати тиҷорати ИМА иттилоъ дод, ки даромади истеъмолӣ дар ИМА дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба моҳи август дар ҳаҷми 35,7 млрд. доллари ИМА ё 0,2 фоиз ва хароҷот 53 млрд. доллар ё 0,4 фоиз афзоиш ёфт.

Даромади дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ИМА дар моҳи сентябр 0,2 фоиз ё 29,1 млрд. доллар зиёд гардид.

Даромади воқеии дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ин давра нисбат ба моҳи август бо ҳисоби нархҳои соли 2009-ум 0,1 фоиз афзоиш ёфт.

 

 

 

Пешниҳоди вазирони соҳаи савдо оид ба ислоҳоти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)

.

 

 

 

Агентии «Bloomberg» иттилоъ медиҳад, ки вазирони соҳаи савдои 12 давлат ва Иттиҳоди Аврупо дар рафти вохӯрӣ дар шаҳри Оттаваи давлати Канада масъалаи ислоҳоти Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро баррасӣ намуданд.

Бояд қард кард, ки дар вохӯрии мазкур намояндагони ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок надоштанд. Иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки дар мавриди наандешидани чораҳои зарурӣ СУС ба мушкилоти назаррас дучор мегардад,

Инчунин вазирон зарур шумориданд, ки ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун иштирокчиёни низоъҳои тиҷоратӣ бояд дар ислоҳоти СУС иштирок намоянд.

 

 

 

Муомилот ба арзиши 1 миллиард доллар

.

   Русия мақсад дорад, ки ба истихроҷи кони газ дар соҳилҳои минтақаи Ғазза шуруъ намояд. Байни мақомоти дахлдори Федератсияи Русия ва Маъмурияти миллии Фаластин ҷиҳати бастани чунин шартнома ба арзиши 1 млрд. доллар гуфтушунид баргузор гардид.
  Роҳбари Маъмурияти миллии Фаластин Маҳмуд Аббос ва Сарвазири Русия Дмитрий Медведев созишномаи байниҳукуматиеро имзо хоҳанд кард, ки дар он ҳамчунин лоиҳаи истихроҷи гази табииро дар қитъаи тунукоби баҳри Миёназамин дар назар дорад.
   Маҳмуд Аббос Русияро даъват намуд, ки дар раванди сулҳи Шарқи Наздик нақши марказиро бозад. Ҳангоме ки дар Русия музокирот идома дошт, Сарвазири Исроил Б.Нетаняҳу дар Форуми умумиҷаҳонии Давос омодагии хешро ҷиҳати бастани созишномаи сулҳ бо фаластиниҳо иброз дошт. Ҳамин тавр, Русия тавассути муомилоти газ метавонад кафолати сулҳи деринтизор дар минтақа гардад.
   Созишнома ба ширкати «Газпром» имконият медиҳад, ки ба истихроҷи кони Marine дар соҳилҳои минтақаи Ғазза шуруъ намояд. Тибқи пешгӯиҳо кони мазкур 30 млрд. метри кубӣ газро доро мебошад. Тунукоби мазкур бо ҳамроҳии минтақаи Ғазза пас аз ҷанги соли 1967 ба ҳайати Фаластин шомил карда шуд.
   Корҳои иктишофие, ки ширкати British Gas ҳанӯз соли 2000-ум дар манотиқи Gaza Marine-1 ва Gaza Marine-2 анҷом дода буд, нишон дод, ки кони мазкур қариб 30 млрд. метри кубӣ газ дорад, аммо истихроҷи газ бо сабабҳои нооромии вазъият дар минтақа мавқуф гузошта шуд.
   Лоиҳаи Gaza Marine-1 ба маблағи 1 млрд. доллар баҳогузорӣ мешавад ва дар назар аст, ки истеҳсоли газ пас аз 3-4 сол оғоз ёбад.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное