Навиди иқтисодӣ

Баҳодиҳии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Белорус дар солҳои 2019-2020 аз ҷониби

.

Бонки Ҷаҳонӣ Бонки Ҷаҳонӣ дурнамои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Белорусро таҷдиди назар намуда, онро дар солҳои 2019-2020 дар сатҳи то 2,0 - 2,5 фоиз пешгӯӣ намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус рушди иқтисодиёти кишварро дар соли 2018 дар сатҳи 3,7 фоиз ва соли 2019-ум 4,0 фоиз пешбинӣ менамояд.

Иқтисодчии Бонки Ҷаҳонӣ изҳор намуд, ки дар Белорус хизматрасонии қарзи давлатӣ, ки маблағгузории дарозмуҳлатро талаб менамояд, масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти Ҳукумати кишвар хароҷоти ҷумҳурӣ барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2019-ум 3,6 млрд. долларро ташкил менамояд, ки ин нисбат ба соли 2018-ум 100 млн. доллар кам мебошад.

Афзоиши касри савдои ИМА дар моҳи сентябр

.

 

 

 

Тибқи иттилои Агентии «Bloomberg» касри савдои ИМА дар моҳи сентябр афзоиш ёфт, ки ин дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаи максималӣ ба ҳисоб меравад.

Аз рӯи маълумоти Вазорати савдои ИМА тавозуни касри савдо дар моҳи сентябр нисбат ба моҳи гузашта 1,3 фоиз зиёд гардида, 54 млрд. долларро ташкил намуд.

Содироти мол ва хизматрасонӣ аз ҳисоби зиёд шудани содироти ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 1,5 фоиз боло рафта, ба 212,6 млрд. доллар баробар гардид. Воридоти молу хизматрасонӣ 1,5 фоиз афзоиш ёфта, 266,6 млрд. долларро ташкил намуд. Аз рӯи ҳисоботи Вазорати савдои ИМА дар моҳи сентябр касри савдо бо Чин ба андозаи 4,3 фоиз зиёд гардида, ба 40,2 млрд. доллар расид.

 

 

 

Коҳишёбии воридоти нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи сентябри соли 2018

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Агентии «Reuters» воридоти нафт аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи сентябр бо ҳисоби солона 34,0 фоиз коҳиш ёфта, 2,1 млн. тонна ё 518,3 ҳазор баррелро дар як шабонарӯз ташкил дод, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 млн. тонна кам мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ воридоти нафт аз Эрон ба Хитой 24,5 млн. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин воридоти нафт аз Арабистони Саудӣ ба Хитой дар моҳи сентябр 12,0 фоиз коҳиш ёфта, 3,8 млн. тонна ё 919,8 ҳазор баррелро дар як шабонарӯз ташкил дод.

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное