Навиди иқтисодӣ

Афзоиши воридоти нафт дар Ҷумҳурии Халқии Хитой

.

 

 

 

Тибқи маълумоти Саридораи гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи октябр воридоти нафт ба кишвар бо ҳисоби солона 31 фоиз зиёд гардида, 400 млн. тоннаро ташкил додааст.

Дар моҳҳои январ-октябр воридоти нафт дар Хитой 8,1 фоиз ва маҳсулоти нафтӣ 11 фоиз афзоиш ёфта, мутаносибан ба 377,2 млн. тонна ва 27,14 млн. тонна баробар гардид.

Дар баробари ин, содироти нафт аз Хитой дар моҳҳои январ-октябр 39 фоиз коҳиш ёфта, 2,3 млн. тоннаро ташкил дод.

Содироти маҳсулоти нафтӣ дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 48,1 млн. тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 фоиз зиёд мебошад.

 

 

 

Афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар даҳ моҳи соли 2018

.

 

 

 

Воридоти молҳо ва хизматрасонӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 44,0 фоиз зиёд гардид.

Ҳаҷми гардиши савдо байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 28,2 фоиз афзоиш ёфта, 87,2 млрд. долларро ташкил дод.

 Тибқи маълумоти Саридораи гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой содироти мол аз Хитой ба Россия дар ин давра 13,0 фоиз афзоиш ёфта, 39,3 млрд. долларро ташкил дод. Содироти молҳо ва хизматрасонӣ аз Россия ба Хитой 44,0 фоиз афзоиш ёфта, 48,0 млрд. долларро ташкил дод.

 

 

 

Афзоиши нархи бензин дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

 

 

 

 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Ӯзбекистон аз 16 ноябри соли ҷорӣ нархи чаканаи бензин ва сӯзишвории дизелиро бо ҳисоби миёна 10,9 фоиз зиёд менамояд.

Арзиши 1 литр бензини навъи Аи-80 дар ҳаҷми 5,2 фоиз (аз 3,8 ҳазор сум то 4 ҳазор сум, 0,49 доллари ИМА), Аи-91 4,6 фоиз (аз 4,3 ҳазор сум то 4,5 ҳазор сум, 0,55 доллар), сӯзишвории дизелӣ 17,0 фоиз (аз 4,1 ҳазор сум то 4,8 ҳазор сум, 0,58 доллар) зиёд мегардад.

Дар солҳои 2000-2018 воридоти нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар Ӯзбекистон 2,6 маротиба зиёд гардида, то 940 млн. доллар баробар гардид.

Иқтидори умумии корхонаҳои коркарди нафти Ӯзбекистон 10 млн. тонна нафтро дар як сол ташкил медиҳад, ки бо иқтидори 40,0 фоиз фаъолият менамоянд.

Дар даҳ соли охир истихроҷи нафт дар кишвар 3,8 маротиба то 800 ҳазор тонна ва конденсати газ 28,0 фоиз то 1,4 млн. тонна коҳиш ёфтааст.

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное