Все статьи
20 Октябр 2021
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Маҷористон
- Подробности статьи
20 октябри соли 2021 дар пешманзари баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки рӯзи 21 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Маҷористон Петер Сиййарто сурат гирифт.
Читать далее19 Октябр 2021
Ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
- Подробности статьи
19 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея вохурии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва ҳамраиси Комиссия Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ли Сон Хо сурат гирифт.
Читать далееВохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия Васлав Йилек
- Подробности статьи
19 октябри соли 2021 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия Васлав Йилек дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардида, дар доираи он рушд додани ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба ва бисёрҷониба байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Читать далееВохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея
- Подробности статьи
19 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ли Сон Хо баргузор гардид.
Читать далееСеминари омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои банақшагирии стратегӣ»
- Подробности статьи
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии БРСММ аз 19 то 20 октябри соли 2021 барои намояндагони Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаи рушди ноҳияи Шаҳристон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» гузаронид.
Читать далее18 Октябр 2021
Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Читать далееВохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ
- Подробности статьи
18 октябри соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардида, дар доираи он лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону БИР мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Читать далее16 Октябр 2021
Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
- Подробности статьи
15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Читать далее15 Октябр 2021
Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
15 октябри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд.
Читать далееСуханронӣ дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО
- Подробности статьи
Муҳтарам мудири кулли ЮНЕСКО,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Ҳозирини гиромӣ,