Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Маҷористон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

20 октябри соли 2021 дар пешманзари баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки рӯзи 21 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Маҷористон Петер Сиййарто сурат гирифт.

Завқизода З. А. дар оғози вохӯрӣ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеа ва рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Венгрия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ба имзорасонии Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва доруворӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҳамкориҳои муосир ва имкониятҳои рушди минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои судманд ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда изҳор намуданд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное