Навиди Вазорат



Ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникӣ миёни Тоҷикистон ва Корея

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

19 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея вохурии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва ҳамраиси Комиссия Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ли Сон Хо сурат гирифт.

Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, маориф ва илм, кишоварзӣ, технология ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳарду тараф ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади коркарди рӯйкардҳои нав барои густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистону Корея чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар рафти ҷаласа ҳайатҳо якчанд самтҳои стратегии ҳамкориҳоро вобаста ба рушди иқтисоди рақамӣ ва «иқтисодиёти сабз», тиҷорати электронӣ, моделсозиву дурнамосозӣ, ҷалби сармоягузорӣ, энергетика, таъсиси марказҳои логистикӣ дар минтақаҳо барои тамаркузи маҳсулоти истеҳсолшуда ва сохтани занҷири логистикӣ барои интиқоли маҳсулот дар дохили кишвар ва содироти минбаъда, дастгирии фаъолияти 5 минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон ва инфрасохтори барои онҳо зарурмуҳокима намуда, изҳор доштанд, ки тақвият ва рушд соҳаҳои номбурда муносибатҳои минбаъдаи моро боз ҳам ба таври назаррас такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ҳамзамон Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намуд, ки дар Протоколи мазкур масъалаҳои таъсиси Паркҳои технологӣ ва корхонаҳои муштараки саноатӣ оид ба истеҳсоли молҳои насоҷӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) Тоҷикистон, инчуни вобаста ба баргузории Форуми навбатии ҳамкории Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ дар моҳи декабри соли 2021 дарҷ карда шаванд.

Дар бахши мушорикати саноатӣ ба ҷониби Корея пешниҳод гардид, ки дар таъсис додани корхонаҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои соҳавии дар Тоҷикистон амалкунанда ва дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иштироки фаъол намояд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкориҳо дар самтҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва кишоварзӣзоҳир гардид. Ҷонибҳо дар мавриди татбиқи лоиҳаҳое, ки ба табодули таҷриба дар соҳаҳои номбурда, инчунин ҷалби кумак ва сармоягузорӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расиданд.

Бо назардошти ва имкониятҳои фаровони табиию фароғатии Тоҷикистон, масъалаҳои марбут ба ҷалби сайёҳон аз Корея баррасӣ шуданд.

Музокирот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное