Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

18 октябри соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардида, дар доираи он лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону БИР мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З.А. пеш аз ҳама Иброҳим Шукриро ба муносибати ба вазифаи Директори нави минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ таъин шуданашон табрик карда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу намуд.

Қайд гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо БИР сол то сол рушд карда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

 

Қайд карда шуд, ки айни замон бо дастгирии БИР дар ҳудуди Тоҷикистон 88 лоиҳа бо маблағи 622,7 млн. доллари ИМА дар самтҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва маориф бо муваффақият амалӣ гардида истодаанд.

Завқизода З. А. аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки маблағгузории Гуруҳи БИР-ро ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар зиёд намояд, ки хуш пазируфта шуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное