Январ 2018

31 Январ 2018

Баррасӣ ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматулозода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Озарбойҷон Маммадзода Ҳасан Дилсӯз Оғлу маҳсуб меёфт, ки рӯзи 30 январи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.

Читать далее

Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.

Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.

Читать далее

Муҳокимаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Бонки АвруОсиёии Рушд

29 январи соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати коршиносони Бонки АвруОсиёии Рушд -таҳти роҳбарии Раиси Раёсати бонки мазкур А.Ю.Белянинов баргузор гардид.

Читать далее

26 Январ 2018

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII Шӯро баргузор гардид.

Читать далее

Шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли 2017 чорабинӣ баргузор гардид.

Читать далее

Эмомалӣ Раҳмон ва Соли ҷавонон (Солномаи Пешвои миллат – 2017)

Соли 2017 бо баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва таҷлили бошукӯҳи санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 — солагии қабули Парчами давлатӣ ва “Соли ҷавонон” барои тоҷикистониён ва тоҷикони олам соли басо хотирмону таърихӣ буд.

Читать далее

Мулоқоти Вазир бо Тошиҳиро Аикӣ

25 январи соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Тошиҳиро Аикӣ, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии масъулони аршади Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония” ба Душанбе ташриф овардааст, сурат гирифт.

Читать далее

24 Январ 2018

Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

16 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонро «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расониданд.

Читать далее

22 Январ 2018

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тасдиқ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. 

Читать далее

Нахустин нишасти матбуотӣ дар соли ҷорӣ

22 январи соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное