Нахустин нишасти матбуотӣ дар соли ҷорӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

22 январи соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки зиёда аз 20-намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар доир гашт, Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, муовини Вазир Гулрӯ Ҷабборзода, роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Завқизода Завқӣ Амин роҷеъ ба фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2017 гузориши мухтасар ба тариқи рӯнамо пешниҳод гардид. Сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух гардонида шуд.

Дар аснои нишасти матбуотӣ масъалаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла сабабҳои коҳишёбии истеҳсоли алюминий ва дурнамои истеҳсоли он, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, вазъи иҷрои барномаҳои соҳавӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти дар кишвар истеҳсолшаванда, бахусус семент, воридоти тухм ва гӯшти мурғ, масъалаҳои ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ, кумакҳои моддию техникии ба ҷумҳурӣ расонидашуда, чораҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кормандони вазорат ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное