Баррасӣ ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматулозода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Озарбойҷон Маммадзода Ҳасан Дилсӯз Оғлу маҳсуб меёфт, ки рӯзи 30 январи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барқарор намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Боку, ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное