
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори навтаъини Агентии ҳамкории байналмилалии Корея KOICA дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
20 феврали соли 2024 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори навтаъини Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Канг Сеунг-ҳун баргузор гардид.
Муарифии натиҷаҳои Лоиҳаи ҳаракати «Як деҳа – як маҳсулот» (OVOP)
19 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Муовини якуми вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо Намояндаи доимии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Имаи Сейҷу, иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд дар доираи Лоиҳаи ҳаракати «Як деҳа – як маҳсулот» (OVOP) дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ
18 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Муовини якуми вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид бо Роҳбари намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимлӣ, иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҷаласаи Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардида, дар он Методологияи муайян намудани сатҳи табақаи миёнаи аҳолӣ барои Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.