Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар аввалин Форуми ЭКО оид ба рушди устувор дар шаҳри Аркадаг
28 апрели соли 2025 дар шаҳри Аркадаги Туркманистон, аввалини Форуми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) оид ба рушди устувор баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок ва суханронӣ намуд.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо назардошти паёмадҳои манфии тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обии минтақа, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгирии ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор менамояд. Вобаста ба ин аз ҳамаи кишварҳои ЭКО даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.
Зикр гардид, ки дар соли 2024 ҳиссаи савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои ЭКО 33 фоизро ташкил дода, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ЭКО дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 18 фоиз афзудааст.
Вазири рушди иқтисод ва савдо изҳор дошт, ки мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини рушди устувор ва ба ин васила ноил гардидан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи олии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин замина Тоҷикистон дар даҳ соли охир, яъне марҳиллаи аввали татбиқи Стратегияи номбурда, рушди устувори иқтисодиро бо ҳисоби миёнасолона 7,5 фоиз таъмин намуда, танҳо дар соли 2024 ин нишондиҳанда 8,4 фоиз афзоиш ёфт.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар Дурнамои навбатии ЭКО барои солҳои 2026-2035 ба ҳамкориҳо дар самтҳои савдо ва сармоягузорӣ, рушди сабз, аз ҷумла энергияи сабз, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии глобалии иқлим ва пайвастшавии нақлиётиву логистикӣ афзалият дода шавад.
Боис ба ёдоварист, ки ЭКО соли 1985 таъсис ёфта, имрӯз даҳ кишвари узвро, аз қабили Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Покистон ва Афғонистон муттаҳид мекунад. ЭКО ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои узв бо ҳадафи рушди устувор ва афзунсозии суботи минтақавӣ равона шудааст.