Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи иди Наврӯз ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ дастрас намуд
Бо мақсади анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандон дар доираи ҳидоятҳои саховатмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Наврӯз аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.
Иштироки Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Созишномаи қолабии доир ба савдо ва сармоягузорӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва давлатҳои Осиёи Марказӣ (TIFA)
17 марти соли 2023 ҷаласаи Шӯрои Созишномаи қолабии доир ба савдо ва сармоягузорӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва давлатҳои Осиёи Марказӣ (TIFA)дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, ки дар кори он аз ҷониби Тоҷикистон Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ширкат намуданд.