Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири иктисод ва молияи Туркманистон
Рӯзи 28 апрел дар шаҳри Аркадаги Туркманистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири иқтисод ва молияи Туркманистон Астангулов Маметгули баргузор гардид.
Завқизода З. А. кайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ҳамкориҳои дуҷониба мунтазам рушд карда ба сатҳи баланд баромаданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдо ва боркашонӣ, транзити молҳо ва кооператсияи саноатӣ таъкид намуданд.
Аз ҷониби Туркманистон даъват ба амал оварда шуд, ки дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар сатҳи муносиб иштирок намояд.
Дар охири вохӯри тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон корҳои заруриро тақвият медиҳанд.