Рӯнамо дар мавзӯи «Тартиби таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»

.

10 ноябри соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоии кормандони вазорат ба моҳият ва аҳамияти лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷамъомад доир гардид. Чорабинии мазкурро Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо сухани муқаддимавӣ оғоз бахшид, сипас муовини вазир Умед Давлатзод рӯнамо дар мавзӯи «Тартиби таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро пешкаши ҳозирин намуда, хусусиятҳо, афзалиятҳо ва ҳадафҳои ҳуҷҷати мазкурро ба таври муфассал шарҳ дод.

Ҷаласаи гурӯҳӣ оид ба натиҷаҳои UNDAF

.

8 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳии Кумитаи Роҳбарикунанда оид ба натиҷаҳои Барномаи қолабии Созмони Милали Муттаҳид (UNDAF) бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва оҷонсиҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

.

3 ноябри соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.


Ҷамъомади тантанавиро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуҷҷати тақдирсоз буда, барои рушду нумӯи кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ кормандони Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат – О. Алидодов, Д. Чалая ва Б. Гулрузов зимни суханрониашон қайд карданд, ки Конститутсия яке аз муҳимтарин рукнҳои мавҷудияти давлати соҳибистиқлол буда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.