
Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Вазорат дар соли 2016
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.
Вохӯрии Вазир бо Петер Буриан
23 январи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Петер Буриан баргузор гардид.
Чорабинӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
12 январи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласа оид ба қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.