
Вохӯрӣ бо намояндаи БОР
10 январи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии намояндагони Вазорат бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд оид ба таҳлили лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ- Ҳамоҳангсози Раёсати Осиё ва Уқёнуси ором, ҷаноби Ҷозеф Лим сурат гирифт.
Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Виктор Никитюк
Вазъи умумии робитаҳои иқтисодӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар аз мавзӯъҳое буданд, ки 6 январи соли ҷорӣ дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Виктор Никитюк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрии Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фаронса
5 январи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Ясмин Гуэдар сурат гирифт.