
Ҷаласаи дуюми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо
Мутобиқи талаботи Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва бо мақсади таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо, таъмини ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи соддагардонии расмиёти савдо ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 “Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо” таъсис дода шуд.
Вохӯрии Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳаҷиме Китаока
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҳаҷиме Китаока баргузор гардид.
Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ»
14-15 апрели соли 2017 бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» доир карда мешавад.