Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кишти пахта бо усули зерипардагӣ дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд.
Тавре маълум гашт, ҷамъияти мазкур ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия ба шумор меравад.
Аҳли заҳмат ба муносибати ташрифи Пешвои миллат намоиши маҳсули дастранҷи худро доир намуданд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти соҳа иборат буд.