Навиди Вазорат



Сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ноҳияи Панҷ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Санаи 13 июли соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии нимсолаи аввали соли 2019 дар ноҳия Панҷи вилояти Хатлон иштирок намуданд. Ҷаласаи мазкур бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти марбута, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолон баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби роҳбарияти мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ҳисоботи ҷамъбастии вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар шаш моҳи соли 2019 шунида шуд.

Сипас аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар шаш моҳи соли 2019 натиҷагирӣ карда шуда, доир ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта, инчунин роҳи ҳалли онҳо масъалагузорӣ карда шуд. Ҳамзамон зимни натиҷагирӣ доир ба рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Панҷ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима сурат гирифта, ҷиҳати татбиқи саривақтии Нақшаи чорабиниҳои болозикр ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамчунин дар рафти сафари корӣ аз иншооти сохташуда ва сохтмонаш идомадошта дар ҷамоатҳои деҳоти Озодагон, Меҳвар, Намуна ва шаҳраки Панҷ дидан карда шуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное