Навиди Вазорат

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф

.

16 апрел дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот доир карданд.

Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба суҳбати судманд анҷом доданд.

Зимни суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ

.

16 апрел дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, минҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча

.

16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23 — юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Дабири кулли ин Созмон Халил Иброҳим Акчаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Халил Иброҳим Акчаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бинобар анҷоми давраи фаъолияташ ба ҳайси Дабири кулл, барои саҳми комгорона ва пурмаҳсулаш дар пешрафти кори Созмон, изҳори сипос намуданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное