Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Геннадевич Решетников
23 июни соли 2021 дар ҳошияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иктисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия дар фазои дӯстиву рафоқат баргузор гардида, дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иктисодӣ миёни Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.