Навиди Вазорат



Дар Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай тавсияҳо вобаста ба рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия пешниҳод гардиданд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзҳои 23-24 июни соли ҷорӣ Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи вазирони иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар кори форум вазирон ва намояндагон аз кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Озарбойҷон, Эрон ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Завқизода З. А. Форумро оғоз намуда, баён кард, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, дар шароити кунунии ҷаҳонӣ тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар фазои СҲШ ниҳоят зарур мебошад.

Зикр гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар кишвар барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳои назаррас амалӣ шудаанд. Аз ҷумла консепсия ва барномаи рушди иқтисоди рақамӣ қабул карда шуда, Портали савдои Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб расман фаъолият менамояд, ки то имрӯз аз он зиёда аз 270 ҳазор нафар аз 40 кишвари ҷаҳон истифода намудаанд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи савдои хориҷиро бо давлатҳои СҲШ то 61 фоиз афзоиш додааст, ки бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвар Россия, Хитой, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар солҳои охир минтақаи СҲШ дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия ба пешрафти назаррас ноил гардидааст, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.

Вобаста ба ин Завқизода З. А. таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кӯмаки иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия дод.

Илова бар ин иттилоъ дода шуд, ки савдои электронӣ тақрибан 20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа он то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.

Дар Форум Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Рошетников М. Г, Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Султанов Б. Т, Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карима Х. Ф, Муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамов О. Б, Муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Элнур А. ва роҳбарони дигар ҳайатҳо дар навбати худ оид ба густариши ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия баромад намуда, ҳамзамон аз расми меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани форум ба ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд доданд ва омодагии худро ҷиҳати ҳарчӣ бештар тақвият додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СҲШ иброз доштанд.

Дар охири форум бо мақсади бештар тақвият додани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои қайдгардида дар доираи СҲШ аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ «Эъломияи Душанбе» қабул гардид.

 

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное