Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карима Ҳамид Форёбӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

23 июни соли 2021 дар ҳошияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карима Ҳамид Форёбӣ дар фазои дӯстиву рафоқат баргузор гардида, дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З.А. қайд намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки аз таърихи қадимаи мо сарчашма мегиранд, асос меёбанд. Ин ҳамкории судманд ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарони давлатҳои мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – мӯҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, босуръат рушд карда истодааст.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда гузашт, ҷонибҳо бо мақсади афзоиши гардиши савдои мутақобилаи байни кишварҳо вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорон аз Афғонистон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, мусоидат ба татбиқи сареъи хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, такмили ташкили савдои наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро дар робита ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное