Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

18-20 декабри соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Неъматулло Ҳикматуллозода- Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Давлати Кувайтро Халифа Мусаид ал Ҳамада – муовини якуми Вазири молияи Давлати Кувайт роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, нафту газ, энергетика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш, телевизион ва радио ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни ҷаласа Тарафҳо қайд намуданд, ки сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар моҳи майи соли 2017 баҳри тақвияти ҳамкориҳои байни ду кишвар нақши муҳим бозидааст.

Мавҷудияти имкониятҳои фарохи молиявӣ, заминаи муосиди ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Кувайт дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, бонкдорӣ коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид. Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва муаррифии бештари имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли 2018 дар Давлати Кувайт Форуми муштараки сармоягузорӣ доир намоянд.

Тарафҳо зарурати таҳияи Барномаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020- ро муҳим шуморида, ҳамзамон ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади дастгирии лоиҳаҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди махсуси рушди сармоягузориро таъсис хоҳанд дод. Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб омодагии худро барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикстон, аз ҷумла сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб (қитъаҳои А ва F) иброз намуд.

Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи муштарак мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири молияи Давлати Кувайт – Наиф ал-Ҳаҷраф ва Вазири саноат ва савдои Давлати Кувайт – Холид Носир Абдуллоҳ Равзон доир гардид, ки дар он дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз натиҷаи баргузории ҷаласа, Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное