Навиди Вазорат



Тақвияти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

28 апрели соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ба маблағи 7 миллион евро, инчунин оид ба оғози фазаи дуюми Барномаи маблағгузории манзил баргузор гардид. 

Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода имзо намуд. Дар маросими имзои Созишномаҳо роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс, инчунин намояндагони бонк ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Барномаҳои мазкур аз ҷониби Бонки олмонии рушд (KfW) дар доираи ҳамкории дуҷонибаи молиявӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Барнома аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намудани маблағи молиявиро на камтар аз 1.25 миллион евро ба ҳар кадом бонк ва ташкилоти қарзии хурд, ки интихоби пешакии дақиқро барои додани қарз бо асъори миллӣ гузаштаанд, пешбинӣ менамояд.

Тибқи барномаи маблағгузории манзил муассисаҳои молиявӣ маблағҳои қарзро барои қарздиҳии хоҷагиҳои шахсӣ дар деҳот барои харид, сохтмон, таъмири асосӣ ва васеъ кардани масоҳати манзил истифода мебаранд.

Иштирокчиёни Барномаи мазкур, ки ба онҳо қарзҳои манзилӣ дода хоҳад шуд, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ, ба мисли Арванд, Имон Интернешнл, Эсхата ва Аввалин бонки хурди молиявӣ мебошанд. Ҳамчунин, иштирокчиёни Барнома қарзҳои манзилиро ҳам аз ҳисоби маблағҳои Барнома ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои худ ҷудо хоҳанд кард.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное