Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷамъомад оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорат, инчунин сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфова ва мутахассиси Кумитаи мазкур Раҳматулло Аҳмедов вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъомад доир гардид. 

Ҷамъомадро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Файзиддин Қаҳҳорзода ифтитоҳ намуда, намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташрифашон ба ин ҷамъомад хайрамақдам гуфт.

Ф.Қаҳҳорзода иброз дошт, ки ҷиҳати андешидани тадбирҳо ва пурзӯр намудани фаъолияти комиссияҳои доимӣ дар Вазорат Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тайи чанд сол мешавад, ки фаъолияти пурсамар дорад. Ҷамъомади имрӯза ҳам мувофиқи иҷрои банди 6-и Нақшаи кори Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 доир мегардад. Номбурда дар идомаи суханониаш қайд намуд, ки Комиссияи ҷамъиятӣ риояи талаботҳои қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пурра таҳти назорат гирифтааст. Тамоми чорабиниҳое, ки аз тарафи кормандони Вазорат вобаста ба анъана ва ҷашну маросимҳо гузаронида мешаванд, бо мувофиқати Комисияи мазкур баргузор мегардад.

Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ Комисияи ҷамъиятии Вазорат 13 чорабиниро оид ба анъана ва ҷашну маросимҳо, ки аз ҷониби кормандон гузаронида шудааст, ба қайд гирифтааст, ки ҳамаи ин чорабиниҳо тибқи талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардидаанд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфова ва мутахассиси Кумитаи мазкур Раҳматулло Аҳмедов оид ба муҳиммияти риояи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аҳамияти қонуни мазкур дар беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ сухан ронданд.

Дар интиҳои чорабинӣ байни иштирокчиён оид ба аҳамият ва паҳлӯҳои мухталифи қонуни мазкур мубодилаи афкори судманд доир гардид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное