Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


ИМЗОИ САНАДИ ЛОИҲАВӢ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи лоиҳавӣ баргузор гардид, ки ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии сокинони нӯҳ ноҳияи кишвар нигаронида шудааст.

Созишномаи мазкур аз ҷониби муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод ва Директори кишварии Барномаи рушди СММ ҷаноби Норимас Шимомура имзо карда шуд. Чорабинии мазкур аз рӯи натиҷаи имзои Созишномаи грантӣ байни БРСММ дар ҶТ ва Сафорати Федератсияи Русия аз 14 ноябри соли 2014 вобаста ба иҷрои лоиҳаи “Беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолии деҳот, ки дар нуҳ ноҳияи ҶТ истиқомат мекунанд”, баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур ба маблағи 6,7 млн. доллари ИМА аз ҷониби Ҳукумати Федератсия Русия маблағгузорӣ шуда, тавассути БРСММ дар ҳамкории зич бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар муддати се сол амалӣ карда мешавад.

Дар ҷараёни имзои Созишномаи лоиҳавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода, Сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар ҶТ ҷаноби Игор Лякин-Фралов, ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии БРСММ дар ҶТ ҷаноби Александр Зуев ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, ҳангоми имзои Созишнома иброз намуданд, ки лоиҳаи мазкур, идомаи ташаббуси барномаи рушди деҳот мебошад, ки аз ҷониби БРСММ татбиқ карда мешавад. Мақсади он барнома коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ буд. Лоиҳаи мазкур бошад ба рушди босуботи иқтисодӣ дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст. Дар доираи лоиҳа фаъолият вобаста ба беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ, рушди соҳибкорӣ, пешниҳоди қарзҳои хурд ба намояндагони бахши хусусӣ, фароҳам овардани шароит барои ташкили ҷойҳои корӣ ва омодакунии касбии мутахассисон амалӣ карда мешавад. Ғайр аз ин, лоиҳаи мазкур барои амалӣ намудани супориши Президенти ҷумҳурӣ оид ба таҳияи барномаҳои рушд барои шаҳру ноҳияҳои кишвар мусоидат хоҳад намуд. То имрӯз Вазорат якҷоя бо намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллии иҷроия ва бо дастгирии БРСММ барномаи рушди 47 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро таҳия намудааст.

 Сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар ҶТ ҷаноби Игор Лякин-Фралов қайд намуд, ки ин лоиҳа ба ҳокимиятҳои маҳаллии иҷроия ҷиҳати ба нақшагирии самаранок ва мониторинги рушди иҷтимоии иқтисодии ноҳияҳо мусоидат менамояд. Он барои беҳтаршавии шуғл ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар нуҳ ноҳияи нисбатан осебпазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳо нигаронида шудааст. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное