Навиди Вазорат



Баимзорасонии «Созишнома байни Тоҷикистон ва Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020)» ва «Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд (KFW)»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Германия корбарӣ дорад.

 

Бо ин мақсад рӯзи 25 майи соли 2022 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия Андреaс Протманн, Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушди дар Осиёи Марказӣ - Андреас Шнайдер ва роҳбари ширкати Помир Энерҷӣ маросими баимзорасонии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020)» ва «Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳа байни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо («Гиранда»), Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва ширкати Помир Энерҷӣ («Иҷрокунандаи лоиҳа»)» баргузор гардид.  

Дар маҷмуъ дар доираи лоиҳаҳои мазкур 29,9 млн. евро грант ҷалб карда шуд.

Аз ҷумла дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) 12,5 млн. евро барои маблағгузории лоиҳаи нави «Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон марҳилаи VI» ҷудо гардидааст, ки он барои сохтмони беморхонаи нави зидди бемории сил дар вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб) ба маблағи 11 млн. евро ва барои ба охир расонидани сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи бачагонаи касалии сил дар Мачитон (шаҳри Ваҳдат) 1,5 млн. евро равона мегардад.

Ҳамзамон Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва ширкати «Помир Энерҷӣ» ба маблағи 17,4 млн. евро барои сохтмони НБО-и «Себзор» дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад.   

Қайд бояд кард, ки Шартномаи мазкур дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019, ки аллакай расмиёти дохилидавлатиро гузаштааст, ҳамчун шартномаи маблағгузории иловагӣ ба имзо расид.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное