Навиди Вазорат



Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои банақшагирии стратегӣ»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии БРСММ аз 19 то 20 октябри соли 2021 барои намояндагони Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаи рушди ноҳияи Шаҳристон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои банақшагирии стратегӣ» гузаронид.

Дар семинар намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ тақвияти иқтидори аъзои Гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳристон мебошад. Дар доираи семинар бо мақсади муайян кардани афзалиятҳои асосӣ, вазифаҳо ва чорабинии барнома модули омӯзишӣ гузаронида шуд.

Раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур бо сухани ифтитоҳӣ семинарро кушода, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БРСММ барои ташкил ва гузаронидани омӯзиш ва мусоидат ба раванди таҳияи Барномаи рушди ноҳияи Шаҳристон барои солҳои 2021-2025 изҳори сипос намуд.

Дар раванди омӯзиш масъалаҳои моҳият ва мундариҷаи банақшагирии стратегӣ, раванди таҳияи барнома, СВОТ - таҳлил ва моҳияти он ва таҳияи матрисаи мантиқии барнома фаро гирифта шуданд.

Иштирокчиёни семинар ба асосҳои банақшагирии стратегӣ, ҳуҷҷатҳои асосии стратегӣ дар сатҳи миллӣ ва таҳлили вазъи кунунӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Масъалаҳои робитаи байни банақшагирии афзалиятҳои рушд дар сатҳи маҳаллӣ ва афзалиятҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои семинар барои таҳияи Барномаи рушди ноҳияи Шаҳристон барои солҳои 2021-2025 тавсияҳои методӣ ва амалӣ таҳия карда мешаванд.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи БРСММ «Тақвияти иқтидори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ барои ҳамоҳангсозии самарабахш, банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботи СМР/БМР ва ҲРУ гузаронида мешавад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное