Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Баробарии гендерӣ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

12 октябри соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гуруҳи кории байниидоравӣ “Баробарии гендерӣ” дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои Гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.

Иштирокчиёни нахустҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ, дастоварду мушкилоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.

Дар рафти ҷаласа ба иштирокчиён низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии барномаи қаблӣ муҳокима карда шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа модули омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори аъзои Гуруҳи корӣ гузаронида шуд, ки то 13 октябр идома ёфтанд. Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ ба иштирокчиён таълим додани асосҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, сафарбарнамоии захираҳо, инчунин низоми мониторинг ва банақшагирӣ мебошад.

Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ оид ба рушд ва ҲРУ, Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз аъзоёни вазорату идораҳои соҳавӣ, агентиҳо, кумитаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд иборатанд. Дар мачмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное