Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон хонум Катаржина Зайдел ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор муҳтарам Пиотр Трабинский оид ба Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

5 октябри соли 2021 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон хонум Катаржина Зайдел ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор муҳтарам Пиотр Трабинский оид ба Тоҷикистон баргузор гардид.

Завқизода З.А. ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба онҳо барои намояндагӣ намудани манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар дуи ин созмонҳо миннатдорӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, инчунин масъалаи зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар, муҳокима намуданд.

Завқизода З.А. қайд намуд, ки бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андешидани тадбирҳои зиддибуҳронӣ устувории макроиқтисодии кишвар таъмин гардид.

Директорони иҷроияи Гурӯҳӣ Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилаии Асъор дар сатҳи 8,7 фоиз рушд кардани ММД-ро натиҷабахш арзёбӣ намуданд.

Завқизода З. А. аз директорони иҷроияи Гурӯҳӣ Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилаии Асъор хоҳиш намуд, ки ҷиҳати афзоиш додани дастгирии молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин расонидани кумакҳои техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намоянд, ки хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное