Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Бюрои минтақавии БРСММ оид ба Аврупо ва ИДМ хонум Мирҷана Сполярич Эггер

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

21 июни соли 2021 аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Директори Бюрои минтақавии БРСММ оид ба Аврупо ва ИДМ хонум Мирҷана Сполярич Эггер вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Завқизода З. А. ташрифи хонум Мирҷана Сполярич Эггерро ба Тоҷикистон, махсусан ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хайрамақдам гуфта, бо истифода аз фурсат ба БРСММ барои ҳамкории давомдор ва пурсамар ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, сипосгузорӣ намуд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо БРСММ ҳамкории зич дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дошта, бо дастгирии БРСММ Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки соли 2017 "Ҳисоботи ихтиёрии миллӣ"-и худро дар мулоқоти сатҳи баланд дар шаҳри Ню - Йорки ИМА бомуваффақият муаррифӣ намуд. Ҳамзамон соли 2018 Ҳисоботи миллӣ оид ба ҷараёни татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар дар ҳошияи ҲРУ гузаронида шуд, ки барои таҳлили минбаъдаи татбиқи ҲРУ заминаи асосӣ гузошт.

Қайд гардид, ки дар ҳамкорӣ бо БРСММ ҷиҳати таъмини суботи макроиқтисодӣ, коҳиш додани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсироти беруна, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот, Вазорати рушди иқтисод ва савдо "Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" -ро таҳия намуд, ки барои милликунонии Хадафҳои Рушди Устувор дар кишвар мусоидат менамояд.

Инчунин зикр карда шуд, ки айни замон дар ҳамкорӣ бо БРСММ як қатор лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум амалӣ шуда истодааст.

Завқизода З. А. аз ҷониби БРСММ дархост ба амал овард, ки ҷиҳати сафарбар намудани маблағҳои иловагӣ барои лоиҳаи кишвар ва амалисозии нақшаҳои минбаъдаи ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи шарҳи пурраи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва муаррифии он дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Рушд, тақвияти иқтидори Котиботи Шурои миллии рушд, инчунин таҳияи ҳисоботи ихтиёрии миллӣ дар соли 2022 мусоидат намоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида, ки дар маҷмӯъ ба устувории макроиқтисодӣ мусоидат менамоянд, баён доштанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное