Навиди Вазорат



Сафари Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон барои шиносоӣ ва тақвияти корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин рӯзҳои 29-30 майи соли 2021 ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ Завқизода З. А. аз рафти сохтмони иншоотии ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру таҷдиди биною иншоот дар ноҳия дидан намуд.

Дар идома ба корҳои сохтмонии азнавсозии боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия ва Парчами давлатӣ, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, оғоз бахшида шуд. Масоҳати умумии иншооти мазкур 55430 м2–ро ташкил дода, сохтмони он дар сатҳи замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон бо роҳбарияти ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» аз заминҳои наздисарҳадӣ, ки қаблан дар онҳо ҳавзҳои моҳипарварӣ буд, дидан намуда, масъалаи ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ дар ин заминҳо баррасӣ гардиданд.

Дар ин раванд аз ҷониби Завқизода З. А. бо сокинон, соҳибкорон, кормандони мақомоти маҳаллӣ ва шахсони эҳсонкорону ватандусти ноҳия вохӯриҳо анҷом дода шуда, онҳо барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдиди манзили истиқоматӣ ва биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, кӯчаю маҳалла ва шаҳраку деҳоти ноҳия даъват карда шуданд.  

То ин давра аз 210 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда 185 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сохтмони 25 иншоот, аз ҷумла нуқтаҳои хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, хати оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо ва ғайраҳо тибқи нақша идома доранд.

Қисми зиёди иншооти мазкур бо ҷалби сокинони маҳал, фаъолон, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия амалӣ шуда истодаанд.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное