Навиди Вазорат



Душанбе мизбони баргузории ҷаласаи 5-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисоди (СҲИ) оид ба иқтисод ва молия дар шакли видеоконфронс

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзи 26 майи соли 2021 ҷаласаи 5-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) оид ба иқтисод ва молия таҳти раисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Котиби генералии СҲИ Ҳади Солейманпур ва вазирони кишварҳои аъзои созмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Завқизода З. А. баён намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси СOVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисоди миллӣ тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар натиҷа тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2021 8 фоиз афзоиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 (6,3 фоиз) 1,7 банди фоизӣ зиёд аст.

Қайд гардид, ки ҳиссаи савдои кишварҳои аъзои СҲИ дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ 40 фоизро ташкил дода, дар 4 моҳи аввали соли 2021 10 фоиз афзоиш ёфтааст.

Аз давлатҳои аъзои СҲИ даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои хуби сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ тақвият диҳанд.

Инчунин қайд гардид, ки шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии СҲИ барои солҳои 2020-2021 эълон гардидааст ва дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории Фестивали байналмилалии “Душанбе - пойтахти сайёҳии СҲИ” ва Форуми байналмилалии рушди агротуризм низ ба нақша гирифта шудааст.

Қайд бояд кард, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲИ мебошанд.

Дар охири чорабинӣ “Изҳороти Душанбе” қабул гардида, иштирокчиёни ҷаласа ҷиҳати истифодаи беш аз пеши нерӯи созмон, таъмини рушди устувор дар минтақаҳои он ва густариши ҳамкориҳои судманд омодагии худро иброз намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное