Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Хорватия

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

22 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович вохӯрӣ баргузор намуданд.

 

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои муосир ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, амиқгардонии шарикӣ, бахусус татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Хорватия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дар заминаи он таъсиси Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хорватия, инчунин баимзорасонии Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва рушди дигар самтҳои муҳим ба мувофиқа расиданд.

Зақизода З.А. пешниҳод намуд, ки бо назардошти таҷрибаи муваффақи ҷониби Хорватия дар самти истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ бо ҷалби ширкатҳои маъруф ва сармоягузорони ин кишвар дар ҳудуди МОИ Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ ва коркарди маҳсулоти ниёзи аввал таъсис дода шавад.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, имконияти истеҳсолии маҳсулоти фармасевтӣ ва маҳсулоти кишоварзиро, аз қабили захираи зиёди гиёҳҳои табиӣ ва коркарди меваву сабзавот дорад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳор намуданд.

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное