Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Маҷористон Михай Матяш Галошфаи

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 19 феврали соли 2021 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Маҷористон Михай Матяш Галошфаи баргузор гардид.

 

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои кушод, дӯстона ва созанда гузашт, ҷонибҳо ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Маҷористон баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ба таври назаррас шиддат ёфта истодаанд.

Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи баргузории аввалин ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Маҷористонро ба миён гузошта, омодагии худро барои ҳарчи зудтар ва дар сатҳи баланд баргузор намудани он иброз намуданд.

Инчунин ҷонибҳо афзалиятҳою имкониятҳои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ба ҳаматарафа густариш ва истифодаи самараноки ҳамкориҳои дуҷониба дар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ изҳор намуданд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное