Навиди Вазорат



Сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, рӯзҳои 16-21 декабри соли 2020

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ рӯзи 15 декабри соли ҷорӣ баён доштанд, аз 16 то 21 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ Завқизода З. А. ба ҷамоату деҳоти ноҳия, аз ҷумла ҷамоати шаҳраки Панҷ, ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат, Кабуд Сайфиддин, Меҳвар ва Намуна ташриф оварда, бо сокинони маҳаллӣ вохӯриҳо анҷом дода, ба онҳо арзу сипоси Сарвари давлатро ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар маъракаи интихобот расонид.

Ҳамзамон Завқизода З. А. бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, шароити зиндагии аҳолӣ, раванди сохтмони иншооти ҷашнӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои Президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонию наздиҳавлигӣ ва рафти корҳои ниҳолшинонӣ шинос шуд.

Дар рафти вохӯриҳо аз ҷониби Роҳбари гурӯҳи корӣ ба мардуми ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии сермасраф, тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, махсусан заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои ёрирасон, ташкили гармхонаҳо, захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳар як оила, риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ гузаронида шуданд.

Инчунин Завқизода З. А. ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва №13 ташриф оварда, ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» тӯҳфаҳои пулӣ тақдим намуд ва аз хонандагон ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои муаззами миллат барои аз бар намудани илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ даъват ба амал овард.

Дар анҷом Завқизода З. А. сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷро ҷиҳати сари вақт омода намудани заминҳо ба кишти барвақтии баҳорӣ, истифодаи пурраи заминҳои корам, бо риояи талаботи сохтмонӣ ва сифати баланди меъморӣ сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ ва дар сатҳи арзанда ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное