Навиди Вазорат



Ҷамъбасти натиҷаҳои солонаи татбиқи Лоиҳаи UNFPA

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

Рӯзи 18 декабри соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими расмии ҷамъбасти натиҷаҳои солонаи татбиқи Лоиҳаи намояндагии Хазинаи нуфуси аҳолии СММ дар Тоҷикистон (UNFPA) «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон» дар соли 2020 баргузор гардид.

 Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Солеҳзода А. А. баргузор гардида, дар он сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - И. С. Лякин-Фролов, Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон - Наргис Раҳимова, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ-Нодири Шаҳноза, муовини директории Агентии омор-Давлатзода Қиёмиддин ва намояндагони Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ иштирок намуда, суханронӣ намуданд.

Инчунин дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндагони Хазинаи нуфуси СММ муаррифии умумии лоиҳаи мазкур баргузор гардида, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 рӯнамоҳо муаррифӣ гардиданд.

Лоиҳаи UNFPA «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон» барои рушди иқтидори миллии Тоҷикистон оид ба истифодаи омори демографӣ ҷиҳати беҳтар намудани дурнамои дарозмуддат ва моделсозӣ дар ин самт, инчунин барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор гардида буд, равона шудааст.

Дар нақшаи солҳои 2021-2023 гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати тақвияти неруи дурнамосозӣ ва моделронии мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор дар кишвар ва дигар чорабиниҳо дар самти тақвияти омори демографӣ пешбинӣ шудааст.

Дар анҷоми чорабинӣ муҳтарам Солеҳзода А. А. миннатдории роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ба Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) ва Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон изҳор намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ муҳтарам Солеҳзода А. А. миннатдории роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ба Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) ва Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон изҳор намуд.

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное