Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушд омодагии худро барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисодиёти миллӣ изҳор намуд.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз, 19 марти соли 2020 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисодиёти миллӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Завқизода З. А. бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушд, бахусус намояндагони СММ, Барномаи рушди СММ, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёи Рушд, САҲА, Агентии рушди байналмилалии ИМА ва дигарон баргузор карда шуд.

Вақтҳои охир пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳишёбии қурби асъор ва паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла шарикони тиҷоратии кишварамон бетаъсир намонд.

Вобаста ба ин Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ иборат аз як қатор тадбирҳои таъхирнопазир таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад. Нақшаи мазкур чорабиниҳоро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои он, пардохти пурраи уҳдадориҳои иҷтимоӣ, бо ҷалби сармоягузориҳои давлативу мустақим сохта ба истифода додани коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти асосии ниёзи аввал ва таъмини бозор бо маҳсулоти озуқа пешбинӣ менамояд.

Нақшаи чорабинии номбурда аз тарафи аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушд ҷонибдорӣ гардида, барои дастгирии чорабиниҳои дар Нақша дарҷгардида омодагии худро иброз намуданд.

Вобаста ба он, Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар дод, ки барои пешгирии хавфҳои беруна 11,3 млн. доллар ҷудо карда мешавад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба рушд ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозиро фаъолтар намоянд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное