05 Ноябр 2018

Коҳишёбии воридоти нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи сентябри соли 2018

 

 

 

Тибқи маълумоти Агентии «Reuters» воридоти нафт аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар моҳи сентябр бо ҳисоби солона 34,0 фоиз коҳиш ёфта, 2,1 млн. тонна ё 518,3 ҳазор баррелро дар як шабонарӯз ташкил дод, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 млн. тонна кам мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ воридоти нафт аз Эрон ба Хитой 24,5 млн. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин воридоти нафт аз Арабистони Саудӣ ба Хитой дар моҳи сентябр 12,0 фоиз коҳиш ёфта, 3,8 млн. тонна ё 919,8 ҳазор баррелро дар як шабонарӯз ташкил дод.

 

 

 

Читать далее

Дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доштани Иқтисодиёти Ҷумҳурии Туркия

 

 

 

Агентии рейтинги байналмилалии «Moody's» дар моҳи август рейтинги 18 бонк ва 2 ширкатҳои молиявии Турикияро коҳиш дод. Тибқи маълумоти Агентӣ коҳиш ёфтани рейтингҳо асосан ба тағйирёбии вазъи сармоягузорон вобастагӣ дорад.

Танҳо дар соли 2018 асъори туркӣ нисбат ба доллари ИМА 40,0 фоиз коҳиш ёфт, ки ин боиси нигаронии ҷиддӣ барои қобилияти пардохтпазирии Туркия барои қарзҳои давлатии худ бо доллар гардид.

Инчунин касри ҳисобҳои ҷорӣ дар Туркия бо ҳисоби доллари ИМА нисбат ба ММД 6,0 фоиз ва қарзи давлатӣ 39,0 фоизро ташкил намуд.

 

 

 

Читать далее

Тақвияти ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Ҷопон

 

 

 

Тибқи маълумоти Агентии «Reuters» Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Ҷопон 50 созишнома оид ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расониданд.

Созишномаҳои мазкур дар рафти сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ҷопон ба шаҳри Пекин ба имзо расид. Ду кишварҳои азими иқтисодӣ дар Осиё кӯшиш мекунанд, ки муносибат ва эътимоднокии худро дар баҳсҳои тиҷоратӣ бо Илоёти Муттаҳидаи Амрико тақвият бахшанд.

Тарафҳо созишнома оид ба мубодилаи асъор дар ҳаҷми то 30 млрд. доллари ИМА барои таҳкими суботи молиявӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкории ду кишвар ба имзо расониданд.

 

 

 

Читать далее

Коҳишёбии касри буҷет ва қарзи давлатӣ дар минтақаи «Евро» ва Иттиҳоди Аврупо

 

 

 

Вазорати тиҷорати ИМА иттилоъ дод, ки даромади истеъмолӣ дар ИМА дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба моҳи август дар ҳаҷми 35,7 млрд. доллари ИМА ё 0,2 фоиз ва хароҷот 53 млрд. доллар ё 0,4 фоиз афзоиш ёфт.

Даромади дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ИМА дар моҳи сентябр 0,2 фоиз ё 29,1 млрд. доллар зиёд гардид.

Даромади воқеии дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ин давра нисбат ба моҳи август бо ҳисоби нархҳои соли 2009-ум 0,1 фоиз афзоиш ёфт.

Коҳишёбии касри буҷет ва қарзи давлатӣ дар минтақаи «Евро» ва Иттиҳоди Аврупо Тибқи маълумоти Раёсати омори Аврупо (Eurostat) дар минтақаи евро касри буҷети давлатӣ нисбат ба ММД дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ бори аввал 0,1 фоиз ва қарзи давлатӣ то 86,3 фоизи ММД коҳиш ёфт.

Дар маҷмӯъ касри буҷети давлатӣ дар Иттиҳоди Аврупо нисбат ба ММД аз 0,5 фоиз то 0,3 фоиз ва қарзи давлатӣ аз 81,5 фоиз то 81,0 фоиз кам гардид. Меъёрҳои пасттарини қарзи давлатӣ дар семоҳаи дуюм нисбат ба ММД дар Эстония (8,3 фоиз), Люксембург (22,0 фоиз), Булғория (23,8 фоиз) ва аз ҳама нишондиҳандаҳои баландтарин дар Юнон (179,7 фоиз), Италия (133,1 фоиз) ва Португалия (124,9 фоиз) ба қайд гирифта шуд.

Афзоиши назаррас дар Кипр (+10,6 банди фоизӣ), Латвия (+1,4 банди фоизӣ), Британияи Кабир (+1,1 банди фоизӣ), Словакия (+1,0 банди фоизӣ) ва аз ҳама коҳишёбии назаррас дар Словения (-2,8 банди фоизӣ), Олмон (-1,2 банди фозӣ), Нидерландия (-1,1 банди фоизӣ), Литвия (-1,0 банди фозӣ) муайян гардид.

 

 

 

Читать далее

Афзоиши даромади истеъмолкунандагони ИМА дар моҳи сентябри соли 2018

 

 

 

Вазорати тиҷорати ИМА иттилоъ дод, ки даромади истеъмолӣ дар ИМА дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба моҳи август дар ҳаҷми 35,7 млрд. доллари ИМА ё 0,2 фоиз ва хароҷот 53 млрд. доллар ё 0,4 фоиз афзоиш ёфт.

Даромади дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ИМА дар моҳи сентябр 0,2 фоиз ё 29,1 млрд. доллар зиёд гардид.

Даромади воқеии дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ин давра нисбат ба моҳи август бо ҳисоби нархҳои соли 2009-ум 0,1 фоиз афзоиш ёфт.

 

 

 

Читать далее

Пешниҳоди вазирони соҳаи савдо оид ба ислоҳоти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)

 

 

 

Агентии «Bloomberg» иттилоъ медиҳад, ки вазирони соҳаи савдои 12 давлат ва Иттиҳоди Аврупо дар рафти вохӯрӣ дар шаҳри Оттаваи давлати Канада масъалаи ислоҳоти Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро баррасӣ намуданд.

Бояд қард кард, ки дар вохӯрии мазкур намояндагони ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок надоштанд. Иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки дар мавриди наандешидани чораҳои зарурӣ СУС ба мушкилоти назаррас дучор мегардад,

Инчунин вазирон зарур шумориданд, ки ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун иштирокчиёни низоъҳои тиҷоратӣ бояд дар ислоҳоти СУС иштирок намоянд.

 

 

 

Читать далее

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное