Навиди иқтисодӣ



Коҳишёбии касри буҷет ва қарзи давлатӣ дар минтақаи «Евро» ва Иттиҳоди Аврупо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

Вазорати тиҷорати ИМА иттилоъ дод, ки даромади истеъмолӣ дар ИМА дар моҳи сентябри соли ҷорӣ нисбат ба моҳи август дар ҳаҷми 35,7 млрд. доллари ИМА ё 0,2 фоиз ва хароҷот 53 млрд. доллар ё 0,4 фоиз афзоиш ёфт.

Даромади дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ИМА дар моҳи сентябр 0,2 фоиз ё 29,1 млрд. доллар зиёд гардид.

Даромади воқеии дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ дар ин давра нисбат ба моҳи август бо ҳисоби нархҳои соли 2009-ум 0,1 фоиз афзоиш ёфт.

Коҳишёбии касри буҷет ва қарзи давлатӣ дар минтақаи «Евро» ва Иттиҳоди Аврупо Тибқи маълумоти Раёсати омори Аврупо (Eurostat) дар минтақаи евро касри буҷети давлатӣ нисбат ба ММД дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ бори аввал 0,1 фоиз ва қарзи давлатӣ то 86,3 фоизи ММД коҳиш ёфт.

Дар маҷмӯъ касри буҷети давлатӣ дар Иттиҳоди Аврупо нисбат ба ММД аз 0,5 фоиз то 0,3 фоиз ва қарзи давлатӣ аз 81,5 фоиз то 81,0 фоиз кам гардид. Меъёрҳои пасттарини қарзи давлатӣ дар семоҳаи дуюм нисбат ба ММД дар Эстония (8,3 фоиз), Люксембург (22,0 фоиз), Булғория (23,8 фоиз) ва аз ҳама нишондиҳандаҳои баландтарин дар Юнон (179,7 фоиз), Италия (133,1 фоиз) ва Португалия (124,9 фоиз) ба қайд гирифта шуд.

Афзоиши назаррас дар Кипр (+10,6 банди фоизӣ), Латвия (+1,4 банди фоизӣ), Британияи Кабир (+1,1 банди фоизӣ), Словакия (+1,0 банди фоизӣ) ва аз ҳама коҳишёбии назаррас дар Словения (-2,8 банди фоизӣ), Олмон (-1,2 банди фозӣ), Нидерландия (-1,1 банди фоизӣ), Литвия (-1,0 банди фозӣ) муайян гардид.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное